ResearcherUz LogoResearcherUz
Jurnalni ko'rish

Мавзӯъ ва мундариҷаи ҳикояҳои Абдулҳамид Самад

Annotatsiya

Дар мақолаи мазкур дар бораи заҳматҳои нависандаи навпардози тоҷик Абдулҳамид Самад дар инкишофи ҳикоянависии тоҷик сухан меравад.Мазмун ва мундариҷаи маҷмӯи ҳикояҳои “Шохи чинор”,ҳикояҳои“Мурофиа”,”Қарз”,”Субҳ медамид”,”Модар” дида мешавад.


To'liq PDF hujjat

O'xshash maqolalar

Maqola matni

Мавзӯъ ва мундариҷаи ҳикояҳои Абдулҳамид Самад

Умаралиева Шаҳло

Муаллимаи Донишгоҳи давлатии соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав

Аҳророва Моҳира

Шарофиддинова Хуршеда

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнав

Аннотатсия: Дар мақолаи мазкур дар бораи заҳматҳои нависандаи навпардози тоҷик Абдулҳамид Самад дар инкишофи ҳикоянависии тоҷик сухан меравад.Мазмун ва мундариҷаи маҷмӯи ҳикояҳои “Шохи чинор”,ҳикояҳои“Мурофиа”,”Қарз”,”Субҳ медамид”,”Модар” дида мешавад.

Калидвожаҳо: Абдулҳамид Самад,ҳикояҳо,мунаққидону суханшиносони тоҷик,маҷмӯаи ҳикояҳо.

Аннотация: В данной статье рассказывается об усилиях новоиспеченного таджикского писателя Абдулхамида Самада в развитии таджикского повествования Содержание и содержание сборника рассказов «Шохи чынор», рассказов «Процесс», «Долг», «Утро утро», «Мать».

Ключевые солва: Абдулхамид Самад, рассказы, таджикские критики и риторы, сборник рассказов.

Resume: This article talks about the efforts of the newly graduated Tajik writer Abdulhamid Samad in the development of Tajik storytelling. The content and contents of the collection of stories "Shohi chynor", stories "Trial", "Debt", "Morning Morning", "Mother" are discussed.

Key words: Abdulhamid Samad, stories, Tajik critics and rhetoricians, a collection of stories.

Абдулҳамид Самад аз зумраи нависандагони барҷастаи имрӯзаи адабиёти тоҷик буда, аз оғози фаъолияти эҷодияш то имрӯз навиштаҳояш бо ҳусни таълиф ва мӯҳтавои арзишманд барор гирифта аз тарафи мунаққидон баҳои баланд дода шудааст. Барҳақ ӯро мунаққидон ва пажуҳишгарон нависандаи покнавису тозагӯ эътироф кардаанд. Зеро нависанда воқеаҳои зиндагӣ ва сарнавишти одамонро бо диди хоси худ ба қалам оварда, тасвири тозаи ба худ хосеро ифода менамояд.

Нависанда чун қоида, фаъолияти нависандагиро аз навистани ҳикояҳо оғоз намуда, баъд ба таълифи қисса шурӯъ мекунад ва бо эҷод ва дастраси хонанда гардидани қиссаҳои “Баъд аз сари падар”, “Косаи давр”, “Паррончакҳо”, “Пиёлаи шикаста”, “Аспи бобом”, “Ҳавои тирамоҳ”, “Рӯдапо”, “Сарлашкар” дар адабиёти солҳои 70-90-уми тоҷик чун адиби дорои сабку равияи эҷодии ба худ хос маълуму маъруф мегардад.

Аввалин маҷмӯаи А. Самад “Шохи чанор” (1987) ном дорад. Нависанда худ ёдовар шудааст: “Китоби нахустинро, ки аз ҳикояҳои навшогирдонаам мураттаб шудааст, бо умед… “Шохи чанор” ном ниҳодаам, зеро ба арзиши як шохаки дарахти наср хидмат кардан низ хушбахтист…”

Эҷодиёти нависанда ҳанӯз аз ҳикояҳои аввалинаш таваҷҷуҳи адабиётшиносон ва мунаққидонро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷумла, С. Табаров М. Шукуров, Ҷ. Бақозода аз нахустин ҳикояҳои нависанда сухан ба миён оварда, аз арзи ҳастӣ намудани як адиби хушсалиқа дар насри тоҷик башорат додаанд. Баъди ба табъ расидани аввалин маҷмӯаи А. Самад “Шохи чанор” бо пешгуфтори Муҳиддин Хоҷаев ва маҷмӯаҳои баъдӣ мунаққидону суханшиносон С. Табаров, Х. Шарифов, А. Сайфуллоев, Ш. Исмоилов, Ҷ. Бақозода, А. Абдуманнонов, М. Имомов, К. Шукруллоев, Ҷ. Акобиров, А. Набавӣ осори нависандаро дар мақолаҳои худ мавриди пажӯҳиш ва баррасӣ қарор доданд.

Ҳақиқати ҳаёт ва рангорангии сабки эҷодӣ яке аз вижагиҳои хосси ҳикояҳои А. Самад ба шумор меравад. Тавассути маҳорат ва истеъдоди фитрӣ ӯ тавонистааст, услубҳои ҳамосавӣ, лирикӣ, ҳаҷвӣ-мутоибавӣ, реалистӣ ва тарзи тасвири публитсистиро дар офариниши асари бадеӣ корбаст намояд. Офаридаҳои ӯ саршори армонҳои миллианд.

Дар эҷодиёти А. Самад афкори панду ахлоқӣ дар ҷойи аввал меистад. Ӯ чун муаллими ахлоқ хонандаро ба рафтору амали нек ҳидоят мекунад. Дар ҳикояҳояш айбу камбудиҳои рафтори инсонҳоро гоҳ ошкоро, гоҳ ба воситаи танзу ҳаҷви мақбул мазаммат менамояд. Таваҷҷуҳи адибро аз оғоз инсони андешапарвару дақиқназар ва дунёи ботинии он ҷалб кардааст. Ӯ барои кашфи хилқати инсон ҳамчун мураккабтарин зуҳуроти мавҷуда бо назокати ба худ хос даст мезанад ва дарунмояи нигоштаҳояш гувоҳӣ медиҳанд, ки муаллиф дар ин ҷода муваффақ ҳам гаштааст. Ҷ. Бақозода дар яке аз мақолаи худ чунин навистааст: “Ҳикояҳои аз лиҳози мундариҷаву шакл гуногунро як масъала ба ҳам мепайвандад, яъне диду назари хоси нависанда ба одаму олам. Аз рӯйи ин ҳадаф дар маркази ҳамаи ҳикояҳо, хоҳ ҷиддӣ бошад, хоҳ лирикӣ ва хоҳ ҳикояи ҳаҷвӣ як масъала: тасвири бадеии моҳияти ҳастии инсон, сиришти инсонӣ, одамият ва ноодамӣ, зиёда аз он, фалсафаи инсон ба назар мерасад”

Ӯдар ҳикояҳояш ва минбаъд дар қиссаҳояш аз сарнавишти инсон сухан мегӯяд, инсон, рафтору кирдор, ғаму шодиашро ҷанбаи асоси тасвир қарор медиҳад. Нависанда на танҳо донишу идроки аз зиндагии рӯзмарра ва муносибати инсонҳо ғункардааш, балки ғановоти маънавию ақлонии худро бо хонанда қисмат мекунад, андешаву назари хешро дар бобати рафтору амали одамон, муносиботи онҳо ба ҳолатҳои хушу нохуши ҷомеа дар пирояи бадеӣ устодона баён месозад. Ҳамдардию дилсӯзии адиби ҳушманд гоҳ бо лутфу зарофати нозук, лаҳзае бо танзу таънаи истеҳзоомез, даме бо ҳаҷву танқиди фошкунанда баён меёбад. Ҳамаи инҳо имкон додаанд, ки нигоранда дар воқеаи хурд рафтору амали оддию муқаррарӣ, чизи муҳим, зиндагиро бинад. Чунки биниш меъёри бадеию эҷодӣ ва зебоишиносиро дар тамоми асарҳои Абдулҳамид Самадов ба ин ё он тарзу ба рангу равғани хос ташкил медиҳад.

Абдулҳамид Самадро масъалаҳои ахлоқии ҷомеа, ҳастии инсон ва маънавиёти муосирон ба худ ҷалб намуд. Дар ҳикояҳои “Мурофиа», “Қарз”, “Субҳ медамид”, ”Модар”, “Хаёли ширин”, “Шикор”, “ Эҳтиёт” ва ғайра мураккабиҳои табиати инсон ва чеҳраи зоҳирию ботинии он мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд. Масалан ҳикояи “Мурофиа” чунин оғоз меёбад: “Хишир-хишири чизе ба торҳои асаби Мурод нохун зад. Вай ба паҳлуи дигар гашта, сарашро бо кӯрпа пeшонд. Не, садо боз гӯшашро харошид. Ӯ чашм накушода хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад (ӯ ҳамин хел одат дошт), ки намемонанд ором хоб равад. Вале аз чӣ бошад, лаби кӯрпаро поин тела дода, чашм кушод. Нигоҳаш ба шифти дудаолуди хона бархӯрд ва пай бурд, ки дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст”. Хонанда аз сархатти аввалин ба макони воқеа (“шифти дудаолуди хона”, “дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст”) ва баъзе хислату одатҳои қаҳрамони ҳикоя (“хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад”) шинос мешавад ва пай мебарад, ки Мурод дар зиндагӣ шахси собитқадам ва масъулиятнок нест.

Нависанда дар ин ҳикоя масъалаи доғи рӯз – суст шудани пайвандҳои оилавӣ ва хешутабориро бардоштаст ва ин масъалаи муҳими иҷтимоиро дар мисоли амалиёту муносибати Мурод ба модар, бародар ва ҳамқишлоқиён воқеӣ ва самимӣ нишон додааст. Ё ки дар давоми ҳикоя суханҳои талху ҷонкоҳи модар Муроди чилсоларо ба фикру андеша водор мекунанд. Аз ҷумла, чунин суханҳои модар: “сабилмондаро камтар бинӯшӣ, намешавад?”, “бемеҳр шудаӣ”, “раис васият кард, ки ба ҷанозааш Зокиру худата хабар накунанд”, “мардака фиребҳои туву беномусиҳои Зокир ғамбемор кард” ва ғайраҳо Муродро маҷбур кард, ки ба худ ояд, тамоми амалҳои ношоистаашро пеши рӯ орад ва ақли солимро ба кор андозад. Чунин ҳикояҳо дар эҷодиёти А. Самад хеле зиёд ба назар мерасад. М. Хоҷаев дар бораи ин нависандаи хушсалиқа чунин фикрҳоро иброз намудааст: Ҷиҳати хуби Абдуҳамид Самад ин аст, ки ҳар чӣ аз зери қаламаш омадаасту рӯи нашрро дидааст, ӯро сармасту фориғбол намекунад. Ҳамеша дар ҳолати хиҷил аст: боз андаке кор накардам, баъзе нуктаҳоро такмил надодам. Ин ҳолати нависандаест, ки дур рафтан мехоҳад.” Ё ки дар ҷои дигар чунин фикрҳоро дидан мумкин: “Таассуроти нахустин баъд аз қироати ҳикояҳои нави Абдуҳамид Самад мувофиқи фаҳмиши худ чунин тасаввур мекунам, ки дар шакли новелла ва ҳикоя офаридани асари бадеӣ заҳмат ва меҳнати бисёреро талаб мекунад, ки ҳақиқати ин фикрро осори танҳо чанд тан новелланависони олам тасдиқ менамояд. Ҳикоянависони тоҷик пандгӯёни машҳур ва муаллимону мураббиёни номдор буданд. Имрӯз ягон-ягон санъаткори тоҷик анъанаи онҳоро бо обуранги тару тоза давом медиҳад. Яке аз онҳо Абдуҳамид Самад аст, ки барои маҷмӯаи чунин ҳикояҳо бо номи “Майдон” сазовори ҷоизаи бо номи Рӯдакӣ гардида буд. Сухан аз ҳаёту мамот, тифливу пирӣ ва алалхусус хулқу атвор дар байни солҳои кӯдакӣ ва куҳансолии инсон дар тамоми ҳикояҳои Абдуҳамид Самад меравад.”

Бояд гуфт, ки дар тамоми давраҳои фаъолияти нависанда ҳикоя дар эҷодиёти ӯ мавқеи хоса дорад. Вай тадриҷан маҳораташро дар ин самт такмил дода, ҳикояҳои қобили мулоҳиза таълиф ва нашр намуд то имрӯз хонандагони бешумор дорад. Воқеан ҳам Абдуҳамид Самад дар ҳикояҳояш кайфияту рӯҳияи инсон, фикру ҳиссиёт ва ҳолатҳои мухталифи равонии ӯро тасвир кард, ки ин қадами ҷиддие дар ҳикоянависии тоҷик буд. Абдуҳамид Самад бо мавзӯву масъалаҳои осораш, ки пеш аз ҳама барои ислоҳи инсон нигаронида шудаанд, бо забони рангин ва тасвиркориҳои дилпазир маҳбуби хонандагон аст. Осори ӯ суннатҳои волои маънавии халқро дар худ фароҳам овардаанд, ки дар роҳи поксозии маънавии ҷомеаи имрӯзу оянда хидмати арзанда хоҳанд кард.

Адабиётҳо:

1. А. Самад. Шохи чанор: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 128 с.

2. А. Самад. Баъд аз сари падар: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Маориф, 1982. – 110 с.

3. А. Самад. Паррончакҳо: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 192 с.

4. А. Самад. Пиёлаи шикаста: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 160с.

5. Бақозода Ҷ. Абдулҳамиди Самад ва инкишофи ҳикоя. – Душанбе: Эҷод, 2007. – 152 с.

6. Рустам Ваҳҳоб. Устоӣ насибатон бод. Садои Шарқ. №1.2017.саҳ. 24.

7. Табаров, С. Ҳаёт, адабиёт, реализм. Китоби 5. – Душанбе: Адиб, 1989. – 208 с

Matn PDFdan avtomatik ajratib olingan va xatoliklar bo'lishi mumkin.