КАПИТАН” И САИДРИЗО АЛИЗОДА
Магистри соли дуюм бахши забоншиносии
Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов
Икромова Лӯъбат Абдукаримовна
АННОТАТСИЯ
Дар ин мақола аҳамияту моҳияти муродифӣ ва тазодии калимаҳо ва вазифаи онҳо дар нутқи қаҳрамонҳо, ки он дар асари “Духтари капитан”и А.С. Пушкин дар тарҷумаи Саидризо Ализодаи Самарқандӣ мавриди барраси қарор гирифтааст. Дар ин равиш боиси таҳқиқ гардидани маҳорати тарҷумонӣ ва забоншиносӣ, эътибори ӯ ба тарзи андешамандона, дарки маъно ва ҳиссиёти нависанда алоқа дорад. Аз ин ҷиҳат бо нозукбинӣ дар истифодаи калимаҳои муродифӣ ва мутазодӣ дар асар ба ривоҷи илми филологияи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Калидвожаҳо: тобишҳои услубӣ, синоним, мазмунии калимаҳо, мавриди истифодаи антоним, маънои калимаҳои тазодӣ,
ABSTRACT
In this article ,The meaning and essence of synonims and contracts of words and their function in the speech of the characters, is from the work “Cfptain’s Daughter”by A.S.Pushkin was discussed in the translation of Saidrizo Alizoda Samarkhandi. In this approach, It leads to the investigation of translation skills and philology, Its value is related to the thoughtful manner, Understanding of the meaning and feelings of the writer. From this point of view, He made a significant contrubiction to the development of the science of Tajik philology.
Key words: stylish shades, synonym, сontect of words, Use of antonym, Meaning of contrasting words.
МУҚАДДИМА
Забони асари “ Духтари капитан”-и Саидризо Ализода содда, омафаҳм буда, дар омӯзиши хусусиятҳои насри даврони худи нависанда, яке аз намунаҳои тарҷумонии аввалин ба ҳисоб меравад. Дар замони тарҷумон ин ҷониб ин асар чанд бор рӯи чопро дид, аз сабабе, ки номи адиб сиёҳ шуда буд дар асар номи ӯро зикр накарда ба чоп омода карда буданд. Ин асар бо соддагиву равониаш аз дигар асарҳои ҳамзамони худ фарқ дошт. Аз ин боис мо хостем аз барои хусусиятҳои забонӣ таҳқиқотеро ба амал барорем. Сайри таърихи ба паҳлӯҳои гуногуни маъноӣ ва мутазодии ин асарро аз нуқтаи назари забоншиносӣ тадқиқотеро ба сомон расонем. Ногуфта намонад, ки ин асар аз нуқтаи назари забоншиносӣ ҳоло зиёд таҳқиқталаб мебошад.
МАНБАЪ ВА УСУЛҲОИ КОРБУРД
Дар мақолаи зикрёфта мо чун манбаи асосӣ аз катоби “Духтари капитан”- и А.С. Пушкин, ки Саидризо Ализода мутарҷимӣ кардааст, истифода намудем. Дар мавриди омӯзиш ва тадқиқоти мавзӯъ, аз методҳои муқоиса, анализ ва синтез, тавсиф, таҳлили статистикӣ, таҳлили компонентӣ, когнитивӣ ва семантикӣ чун усулҳои асосии пажӯҳиш истифода гардидааст.
МУҲОКИМА ВА НАТОИҶИ ТАДҚИҚ
Дарҳақиқат таҳлили вижагиҳои забон дар муқоисаи калимашиносӣ хусусияти ба худ хос дошта, воҳиди забон дар асар бо усули тобиши маъоии рангоранги дигар дорад. Дар таҳқиқоти хусусияти забонии ҳар як асари нависанда манбаи боз ҳам инкишоф ёфтани маҳорати тарҷумонии нависанда гашта истодаст. Бояд омӯзиши забоншиносӣ имкон медиҳад, ки воҳидҳои муродифӣ ва мутазодии луғавии асарро ба гурӯҳҳо ҷудо карда хусусиятҳои ҷудогонаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Истифодаи синонимҳо дар асар
Синонимҳое, ки айни чизро бо тобишҳои гунонгуни услубӣ нишон медиҳад: чашм- дида, рӯй-чеҳра, хонадор- соҳиби хона, бисёр –зиёд, айб- гуноҳ, сиҳат- саломат, ҳодиса-воқеа, шӯриш-ошӯб, вақт- муддат, шиква- шикоят, заифлоғар, исбот-далел, дар ҳайрат афтидан-ҳайрон мондан, хунсард- бепарво;
Хонанда тамоман хунсард ва бепарво набудани манро ба осонӣ тасаввур карда наметавонад.
Синонимҳое, ки ҳангоми ба ҷои калимаи забони модарӣ кор фармудани калимаи аз забони дигар иқтибосшуда ба вуҷуд меояд: итоат-фармонбардорӣ, шоҳид-секундант, пиёла- стакан, рюмка, шароб-вино, май- шарбат, дониш- хату савод, муаллим-тарбиятгар;
Номаи меҳрубононаи шуморо гирифтам, ки дар он бар ман худатон хашмгин шуда гуфтаед : ба ту айб аст, ки фармонҳои хӯҷаини худро баҷо наёвардӣ, ман ба шумо фармонбардорӣ ва итоат менамоям ва ба шумо доимо холисона хизмат карда мӯи худро сафед намудаам.
Синонимҳое, ки дар вақти ба ҷои як калима калимаи дигари таъсирнок кор фармудан пайдо мешавад: хаёлот ва ҳақиқат, завқу шодӣ, озодӣ ва дилхушӣ, бесарӣ ва исрофкорӣ, рафиқ ва дӯстӣ, шоду хуррамӣ, андӯҳ ва дилгирӣ, нозу неъмат, бадбахтӣ ва вазнинӣ, муҳокима- мунозира, роҳ- равиш, қоқ- қаҳт, нест-нобуд,пас-баъд, сонӣ, хоҳиш- талаб, озодӣ –дилхушӣ, хушку холӣ, фикру хаёл, шакку шубҳа, азоб ва андӯҳ, теппаҳо ва ҷариҳо, барфи сафед ва осмони соф, ҳиссиёт ва рӯҳ, хушнудӣ ва хушҳолӣ, хушақл ва ҳассос, зарифраҳмдил; ишқ- муҳаббат;
Лекин ишқу муҳаббат ба ман сахт маслиҳат медод, ки дар пеши Маря Иванова буда, ҳомӣ ва парастори ӯ бошам.
Синонимҳое, ки ҳангоми кор фармудани эфимизм ба вуҷуд меояд: истеъмол кардан- хӯрдан, нӯшидан-чашидан, дурушт- ҳақоратомез, дароз-кашол, изҳор кардан- гуфтан, мутакббир-сангдил, дарҳол-тез;
Онҳо одамони соддаанд, мутакаббирони сангдил нестанд..
Синонимҳое, ки ба сифати як калима ба ҷои ибораи рехта ва баръакс истифода мешавад: виҷдони ноором -пушаймонии ниҳонӣ;
Ман бо виҷдони ноором ва пушаймонии ниҳонӣ бо муаллими худ хушбошӣ накарда, аз шаҳри Симбирск ҳаракат намудам ва ҳеҷ умед надоштам, ки ягон вақте боз ҳамдигарро бинем.
Истифодаи калимаҳои антонимӣ дар асар:
Калимаҳое, ки мафҳуми ҳодисаҳои табииро ифода мекунанд: саломатӣбеморӣ, таваллуд шудан- мурдан, ором- оташин, торикӣ- равшанӣ, шиддат кардан- сокит шудан, барф боридан- офтоб баромадан, гармӣ- хунукӣ;
Калимаҳое, ки мафҳумҳои замониро ифода мекунанд: шабона-рӯзона, пагоҳӣ- бегоҳӣ, зимистон- тобистон, бисёр- кам, бад-аъло, дар айни вақт- вақти нобоб, шом- наҳор;
Калимаҳое, ки мафҳумҳои гуногунро ифода мекунанд: шимол- , ин ҷоон ҷо, ҳамин- ҳамон, дур-наздик, даромадан- баромадан, пинҳон кардан- намоён кардан, ба зуддӣ иҷро кардан, таъхир андохтан, тарафи рост-тарафи чап, ҳаракат кардан- бозистодан, тарзи қадима- равиши ҳозира, сухан кардан- сукут кардан, мо-шумо;
Калимаҳое, ки сифат ва хислатҳои гуногуни предметро ифода мекунанд: сиёҳ ва сафед, рӯи дилчасп - маккорона, дур- наздик, ифлос – покиза, мағрур – малъун, базӯр- пурзӯр, шиддат-бешитоб, абрӯи сиёҳ-рӯи сафед, пиразан- духтар, лоғарҷусса ва қифтвасеъ, танг- кенг, додан-гирифтан, ошнобегона, софдил- мунофиқ, нек ва амин, мулоҳизакор- аҳмақ, беҳтар- бадтар.
Калимаҳое, ки мафҳумҳои ҳиссиёт ва кайфиятро ифода мекунанд: хушҳол- ноором, заифдил- фосиқ, дар дида ҷо гирифтан- чашми дидан надоштан, хаёлот ва ҳақиқат, ахмақ ва хирадманд, рози шудан- қабул накардан, шурӯъ кардан- манъ кардан, нафрат- муҳаббат, шод- ғамгин, фаромӯш кардан- дар хотир доштан, раҳмдил- бераҳм, таҳдид-ҳимоя, рафиқона ва бародарона, гирятабассум, зиндагӣ- марг, куштан- бахшидан;
-Бигузор ҳамин тавр шавад,-гуфт вай ба кифтам зада,-куштан бошадкуштан ва бахшидан бошад- бахшидан.
АДАБИЁТ
1. А.С. Пушкин. Духтари капитан.- Душанбе: Адабиёти бачагона, 2013.- 144 с
2. Атобуллоев, С. Саидризо Ализода // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе, 1978. – Ҷ. 1. – С. 121.
3. Воҳидов Амон. Материалҳо аз тарихи забоншиносии тоҷик. – Самарқанд: 2003.
4. Забон аст тору пуди маънавият. Мураттибон: Воҳидов А. Маҷитова С., – Самарқанд: 2020.-158 с.
5. Атобуллоев С. Саидризо Ализода.– Душанбе: Ирфон, 1976.– 48 с.
6. Усмонов И.К., Давронов Д. Таърихи журналистони тоҷик. – Душанбе, 2008, 278 с.
7. Ҷаъфаров, Ҷ. Сарнавишти ҷонсўзи Ализода: Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забони тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад // Ҷумҳурият. – 2014. – 11 март.
Текст распознан автоматически из PDF и может содержать неточности.